Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саволу ҷавоб

Салом ба ВКД. Хохиш дорам равшани адндозед: Мутобики талаботи 7.7-и Номгуи носозихо ва шартхое, ки истифодабарии воситаи наклиетро манъ менамояд (кисми Коидаи харакат дар рох), бе аптечка, аломати садамаваи ва сухторхомушкунак рондани воситаи наклет манъ карда шудааст. Нозирони БДА даруни аптечкаро як ба як аз назар мегузаронанд, ин амали онхо бисьер вакти ронандаро мегирад. Савол:1. Дар асоси кадом талабот (конун) даруни аптечка аз тарафи нозири рох аз назар гузаронида мешавад (ин худ досмотр мебошад ва хатман дар ин холат шохидони холис бояд даъват карад шаванд, ва протоколи досмотр тартиб дода шавад)? 2. Дар кадом талабот гуфта шудааст, ки дар даруни аптечка чи намуд дору ва е маводи тибби хатман бояд бошад? Тибқи талаботи банди 7.7-и номгӯи носозиҳо ва шартҳое, ки истифобдабарии воситаи нақлиётро манъ менамояд (қисми Қоидаи ҳаракат дар роҳ), вуҷуд надоштани сандуқчаи тиббӣ, аломати садамавӣ ва оташхомушкунак мебошад. Аз ин хотир корманди БДА дар асоси талаботи банди номбурдаи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1997, № 565 тасдиқ шудааст, вазифадор мебошад, ки зимни тафтиши ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ҳатман аз мавҷудияти сандуқчаи тиббӣ ва маводҳои дорувории дохили он, ки барои расонидани ёрии аввалини тиббӣ зарарият доранд, аҳамият диҳад. Ҳамчунин номгӯи маводҳои дорувории ёрии аввалини тиббӣ низ дар ҳамин сандуқчаи тиббӣ пешбинӣ шудааст.
Ман Ашурзода Бахтиёр соли 2013 воситаи нақлиётамро аз шаҳрванд Р харидори намудам бо Бовариномаи ҳуқуқи таъмин мебошам. Аз бай қариб се сол сипари гардидааст. Ман меҳхоҳам воситаи нақлиётамро пурра бо номи худам ҳуҷҷатгузори намоям ва рақами қайди давлатиамро дигар кунам, ҳангоми ба Шуъбаи бозрасии давлатии автомобили муроҷита намудам ба ман ҷавоб доданд, ки воситаи нақлиёти Шумо аз шаҳри бехатар 39 қонунвайронкуни дорад. Аммо тамои қонунвайронкуниҳои содиршуда то харидори намудани воситаи нақлиёт аз ҷониби ман рух додааст. Савол: Ман дар кадом асос бояд бар ҷойи дигар шахси қонунвайронкунанда маблағи онро пардохт намоям. Ҳоло он, ки тибқи талаботи Моддаи 33. қисми 2 сархати 5-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Агар аз рўзи содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии зерин шаш моҳ гузашта бошад, шахс ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешавад. Бинобар ин дар асоси гуфтаҳои боло аз Шумо эҳтиромона хоҳиш дорам, ки нисбати мазкур кумаки амалии худро расонед.  Мутобиқи қисми 3 моддаи 87 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми тавассути воситаҳои махсуси техникии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт (“Шаҳри бехатар”) сабт шудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба соҳиби воситаи нақлиёт расми сабти видеоии ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ва амрномаи намунааш аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқараргардида бо зикри андозаи ҷаримаи маъмурии таъиншуда фиристода мешавад. Дар ҳолате, ки Шумо ваколатнома доред соҳиби воситаи нақлиёт ҳисобида мешавед. Шуморо лозим меояд, ки барои пардохт намудани ҷарима оид ба қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз тарафи Шумо содир нашудааст, ба соҳиби воситаи нақлиёт муроҷиат намоед. Ҳангоми саркашӣ намудани соҳиби воситаи нақлиёт аз пардохт намудани ҷаримаҳо оид ба қоидавайронкуниҳои содирнамудааш, Шумо метавонед тариқи ариза ба суд муроҷиат намоед. Ҷаримаи маъмурӣ нисбати шахси содирнамудаи қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ татбиқ карда мешавад.
Салому алайкум! Дар мавриде, ки хучати ронандагиям бо сабаби вайрон кардани коида рох гирифта шуда ба иввазаш хучати муакати пешниход мешавад у то чанд руз эътибор дорад? Ва агар хучати манро дар дигар шахр гирифтанду сари вакт ба Шуъбаи БДА махали зистам нарасонидан, дар ин маврид чикор кунам?  Ҳангоме, ки нисбати ронанда протоколи маъмурӣ тартиб дода мешавад, ба ивази шаҳодатномаи ронандагиаш иҷозатномаи муваққатӣ, ки бо талони қайди қоидавайронкунӣ 30 шабонарӯз эътибор дорад, дода мешавад. Дар сурати сари вақт ба ҷойи истиқомати ронанда ворид нашудани ин ҳуҷҷат аз тарафи шахсони масъули БДА-и маҳали зисти ӯ мӯҳлати эътиборнокии ҳуқуқи ронандагӣ дар талони қайди қоидавайронкунӣ то 2 моҳи дигар дароз карда мешавад.
Салому алайкум кормандони ВКД Равшани андозед Барои харидории таппончаи овози (сигналный) ки онхо намепаронанд факат овоз доранд барои тарс додан ичозатнома зарур аст масалан дар Федератсияи Росия барои харидории онхо ягон ичозатнома лозим нес. Онро мо дар клип истифода кардан мехохем. Ташакури зиед.  Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки силохи овозй яке аз намудхои силох,и ишоракунанда ба хисоб рафта, тибки талаботи моддаи 18 Конуни Ҷумхурии Точикистон «Дар бораи силох» аз 19 марти соли 2013, №939, шахрвандони Ч,умхурии Точикистон, ки ба синни бистуяксолагй расидаанд, баъд аз пешниход намудани хамаи хуччатхои лозим а ба макомоти корхои дохилии махалли истикомат ва супоридани санчиш оид ба донистани коидахои муносибати эхтиёткорона бо силох, онхо хукуки гирифтани рухсатнома барои сохиб шудан ба силохи ишоракунандаро пайдо мекунанд.
Салом,хангоми пас аз тафтиш кардани хучатхо аз тарафи корманди бда ягон камбудии нефтан корманди бда хак дорад бе ягон хел гувох ва тартиб додани акти тафтиши воситаи наклиетро худсарона ронандаро аз наклиеташ багочро боз кунед гуен фароварда тафтиш кунад Кормандони Бозрасии давлатии автомобили зимни тафтиши ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ҳуқуқ доранд бағоҷи воситаи нақлиётро бо мақсади муайян кардани мавҷудияти таҷҳизотҳои зарурӣ (сандуқчаи тиббӣ, аломати садамавӣ ва оташхомушкунак) аз назар гузаронанд.
Ассалому алейкм илтимос ба саволи ман чавоби дуруст дихед ман дар шахри руссия ман корти ронандагиам ро гум кардам чихел ду бора бар гардонам ман шаройити ба ватан гаштан ро надорам  Барои барқарор намудани шаҳодатномаи ронандагӣ дар сурати гум шудани он, шаҳодатномаи нав бо сабти «Нусхаи дуюм» аз тарафи воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилии маҳалли зисти доимии шаҳрванд (Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар асоси ариза бо қайди воҳиди Бозрасии давлатии автомобилӣ дар хусуси дар рӯйхати шахсони аз ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт маҳрумгашта мавҷуд набудан, варақаи ронандагӣ, маълумотномаи тиббӣ ва гувоҳнома оид ба хатми муассисаи таълимӣ дода мешавад.
Cалом ман истикомат кунандаи ш.Конибодом аслан корманди гайи низ як банда аст лек онхо формаи милитсяро дида аз худ рафтанд мо низ хизмат караги лек онхо бе нихояд зури мекунад корманди гайи бояд ба шахрванд чи тавр муносибат кунад  Тибқи талаботи фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 январи соли 2006, №1 «Дар бораи хушмуомилагӣ ва муносибати бодиққати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ бо шаҳрвандон» ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ вазифадор мебошад, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо шаҳрвандон хушмуомила бошад.
Салом. Оё нафакахурони ВКД барои пушида гаштани либоси низоми хукук доранд, дошта бошанд дар кадом мавридхо.  Банди-51, зербанди б-и «Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва хурди рохбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар намудааст, ки ба шахсони ҳайати калон ва олии роҳбарикунанда ғайр аз шахсони ҳайати миёна ва калони роҳбарикунандаи милитсия, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ ва хизмати ҳарбӣ 20 сол ва зиёда бенуқсон хизмат кардаанд (бо ҳисобкунии имтиёзӣ) ҳангоми озодкунӣ ба истеъфо ё эҳтиётӣ бо фармони сардороне, ки озодкуниро амалӣ менамоянд, ҳуқуқи пушида гаштани либоси намуди муқарраршуда дода мешавад, инчунин аз тарафи сардорони мазкур ҳуқуқи пушида гаштани либоси намуди муқараршуда барои шахсоне, ки барои содир намудани чиноят ва амалу кирдоре, ки шаъни макомоти корҳои дохилиро паст мекунанд, маҳкум шудаанд, қатъ карда мешавад.
Салом! Саволам чунин аст! Истифода бурдани лабавойҳои пеши мошин ки пурра кабуд карда шудаанд ва меъёраш тахминан то 20 фоиз аз тарафи завод ранг карда шудаанд истифода бурдан мумкин аст? имрӯзҳо дар бозорҳо ин намуди лабавой фурӯхта мешаванд мо низ мехоҳем истифода барем оё иҷозат аст? Агар иҷозат набошад мувофиқи кадом қонун? Мувофиқи талаботи Стандарти ГОСТи 5727-88 агар нургузаронии шишаи пеши (лобовой) воситаи нақлиёти Шумо на камтар аз 75 фоизро ташкил намояд, Шумо метавонед бидуни иҷозатнома воситаи нақлиётро истифода намоед. Тибқи дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии амалкунанда истифодабарии воситаҳои нақлиёт бо шишаи пеши сиёҳкардашуда ё дигар ранг, манъ мебошад.


22.06.2024 15:02
663