Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар 4 сол дар роҳҳои Тоҷикистон 4364 садамаи нақлиётӣ рух додааст

Дар Тоҷикистон аз соли 2020 то 2023, дар умум 4364 садамаҳои роҳу нақлиётӣ ба амал омадааст, ки дар натиҷаи онҳо 1692 нафар ба ҳалокат расида, 4776 тан ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.
Дар ин бора аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, доир ба вазъи амнияти ҳаракат дар роҳҳо, ки соли 2023 нашр гардид, ҳамасола дар натиҷаи ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ дар дунё тақрибан 1,3 миллион нафар фавтида, 50 миллион нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун мебардоранд. Ин омор дар ҳар як 24 сония як нафар ва дар як рӯз беш аз се ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Ба гуфти мухбир-рӯзноманигори шуъбаи ташвиқотиву тарғиботии Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ подполковники милитсия Ғайраталӣ Саидзода, омилҳои ба амал омадани аксар ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ ба ҳамагон маълум аст ва танҳо дар ҳамбастагӣ метавон аз он пешгирӣ намуд.
«Баланд намудани суръати ҳаракат дар роҳ, ҳангоми мастӣ рондани воситаи нақлиёт, набастани тасмаи бехатарӣ, ҳангоми рондани нақлиёт суҳбат кардан бо телефон, аҳамияти ҷиддӣ надодан ба иштирокчиёни роҳи пиёдагард, аз ҷумлаи сабабҳоеанд, ки дар ҳолати пешгирии онҳо метавон пеши роҳи ҳодисаҳои нохушро бигирем ва бехатарии ҷони худ ва дигаронро таъмин созем. Дар ин самт моро зарур аст, ки танҳо ба донишҳои назариявӣ такя накарда, дар амал баҳри бартарафсозии ин мушкилӣ саъй намоем», - изҳор дошт номбурда.
Ба иттилои мавсуф, дар семоҳаи соли 2024 дар қаламрави мамлакат 232 садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 4 ҳолат бештар буда, дар натиҷаи онҳо 100 нафар (ҳамин давраи соли 2023 - 91 нафар) ба ҳалокат расида, 249 (241) тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шуданд.

20 фоизи осебдидагон бар асари садамаҳои  нақлиётӣ маъюб мешаванд
Бояд гуфт, ки садамаҳои нақлиётӣ ба иқтисодиёти мамлакат ва умуман ба ҷомеа зарари бузурги иҷтимоӣ, моддӣ ва демографӣ мерасонанд. Сеяки ҳалокшудагонро дар садамаҳои нақлиётӣ одамони синни фаъолтари қобили меҳнат (26-40-сола) ташкил медиҳанд. Тақрибан 20 фоизи осебдидагон бар асари садамаҳои нақлиётӣ маъюб мешаванд. Ба андешаи мутахассисон, зарари садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои автомобилгард аз зарари ҳамаи дигар садамаҳои нақлиётӣ (ҳавопаймоҳо, киштиҳо, қатораҳо ва ғайра) бештар аст.
Ғайраталӣ Саидзода изҳор дошт, ки бештари садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки пиёдагардон ва велосипедронҳо ба амал омада, нисфи фавтидагон низ дар садамаҳои роҳу нақлиётӣ маҳз пиёдагарду мототсиклрон ва велосипедронҳо мебошанд.
«Ҳоло агар дар ҷое таркиш, сӯхтор ва ё ҳодисаи сел ба амал ояд, мардум бо нигоҳи ҳайратовар нигариста, сару садоҳо баланд мекунанд, аммо дар ҳолати ба амал омадани садамаҳои роҳу нақлиётӣ ба он чандон ҷиддӣ муносибат намекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар натиҷаи садамаҳо одамон осебҳои ҷиддӣ бардошта, дар баъзе ҳолатҳо ҷони худро аз даст медиҳанд, ки ин боиси  нигаронист», - гуфт мавсуф.
Бояд гуфт, ки омори фавти одамон дар садамаҳои нақлиётӣ дар мамлакатҳои дар ҳоли рушд нисбат ба мамлакатҳои пешрафта се маротиба бештар аст. Сатҳи баландтарини фавт дар Африқо - 26,6 ҳолат ба 100 000 нафар ва пасттарин дар Аврупо - 9,3 ҳолат ба 100 000 нафарро ташкил медиҳад.

Дар Тоҷикистон 666 074 воситаи нақлиёти автомобилӣ сабт шудааст
Ба гуфтаи мутахассисон, афзоиши шумораи мошинҳо дар мамлакат ба тамбашавӣ ва садаманокӣ низ оварда мерасонад. Дар Тоҷикистон солҳои охир шумораи мошинҳо ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Тибқи маълумоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии мамлакат, то 1 марти соли 2024 дар ҷумҳурӣ расман 666 074 воситаи нақлиёти автомобилӣ - сабукрав, боркаш, мусофирбар сабт шудааст. Як сол қабл ин омор ба 601 136 адад баробар буд.
Айни замон дар ҷумҳурӣ 562 ҳазор мошини сабукрав сабт шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 216 ҳазор мошини хусусии сабукрав сабт шуда буд.
Бино ба гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, то соли 2030 тақрибан 70 фисади аҳолии ҷаҳон дар шаҳрҳо зиндагӣ хоҳанд кард, ки ин ҳолат талаботро ба нақлиёти ҷамъиятӣ дучанд афзун мекунад.
«Бештари садамаҳои нақлиётӣ дар мамлакат дар роҳҳои мошингарди ҳудуди шаҳри Душанбе то маркази вилояти Хатлон, роҳи мошингарди «Душанбе-Чаноқ», шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва самти минтақаи Рашт рух медиҳанд. Ронандагон дар роҳҳои берун аз маҳалли аҳолинишин суръати нақлиётро зиёд менамоянд, ба сабқат мебароянд, баъдан аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, дар гардишҳо аз роҳ мебароянд. Ин ҳолат сабаби чаппашавии воситаҳои нақлиёт ва бархӯрд бо якдигар мегардад, ки дар бештари ҳолатҳо он ба хисороти ҷонӣ оварда мерасонад», - афзуд Ғайраталӣ Саидзода.
Бояд гуфт, ки тарбия ва риоя кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз оила сарчашма мегирад. Ва ҳар яки мо уҳдадору вазифадорем, то дар ин самт нақши худро баҳри баланд бардоштани маданияти шаҳрдорӣ гузорем. Зеро ояндаи солим гарави пешравии ҷомеаву давлат аст.
Воқеан, агар имрӯз ҳар як ронандаву пиёдагард ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҷиддӣ муносибат намояд, ба ҳодисаҳои нақлиётӣ ҳам дучор намешаванд ва ба иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳо низ зарар намерасад. Ронандагон ва пиёдагардон мебояд бар он кӯшанд, ки ҳамеша талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд, то ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа»

24.07.2024 16:02
171