Ошкор шудани қаллобӣ вобаста ба автомашинаи тамғаи «БМВ»
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 29 ва 31-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон 7-уми августи соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии марди 30-солаи сокини шаҳри Бохтар даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «БМВ»-ро ба маблағи 34 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додаанд, ки дар муддати кутоҳ маблағашро бармегардонанд, аммо номбурдагон автомашинаи мазкурро фурӯхта, маблағашро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.