Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ду ҳолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

 

6-уми июли соли 2024, тахминан соати 04:30-дақиқа, ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, дар ҳолати мастӣ, аз ҳиссиёти авбошӣ дар назди мағозаи “Ёвар”, воқеъ дар хиёбони И.Сомонии шаҳри Кӯлоб бо марди 41-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд як маротиба ба қисми болои гардан ва 1 маротибаи дигар ба пӯшти ҷабрдида зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Ашт, 6-уми июли соли 2024, тахминан соати 22:00, дар ҳудуди деҳаи 22-солагии ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ашт, бинобар ба миён омадани муносибати оштинопазир бо ҷавони 18-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд як маротиба ба шикамаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

08.07.2024 16:42
28