Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар
9-уми июли соли 2024, тахминан соати 00:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Каримов Аслиддин Асадуллоевич, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронанда Каримов А.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми интиқол додан ба беморхона дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
9-уми июли соли 2024, тахминан соати 00:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, Холиқов Ҷамшед Ҳафизович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Фирдавсӣ ба самти кӯчаи А.Ҷомӣ, дар ҳудуди кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе, пиёдагард Шарипов Айниддин Хайриддинович, соли таваллудаш 1958, сокини ноҳияи Ҳамадониро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Шарипов А.Х. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
9-уми июли соли 2024, тахминан соати 01:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Қурбонов Амрулло Абдуалиевич, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳи мошингард берун шуда, ба симчӯби канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронанда Қурбонов А.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
8-уми июли соли 2024, тахминан соати 22:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Каримов Шукрулло Маҳмадраҷабович, соли таваллудаш 1990, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати шаҳраки Ёвон ба самти ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳусейнов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Сафаров Азизулло Қудратуллоевич, соли таваллудаш 1958, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Сафаров А.Қ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми интиқол додан ба беморхона дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.