Бо роҳи фиреб гирифтани 20 ҳазор доллари амрикоӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини шаҳри Истаравшан ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда соли 2021 дар ҳудуди шаҳри Истаравшан бо роҳи фиреб ба боварии марди 61-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, бо ваъдаи ба Федератсияи Россия дастрас намудани маҳсулоти полезӣ аз ӯ 20 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти худаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.