Дастгир гардидани ду ҷавонзан бо ҷурми дуздӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб аризаи марди 35-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 29-уми июли соли 2024, тахминан соатҳои 12:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди дукони фурӯши либосҳои занона, воқеъ дар маҳаллаи И.Сомонии шаҳри Кӯлоб шуда, аз онҷо зиёда аз 40 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 27-солаи сокини шаҳри мазкур бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 47-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гаридааст, ки 11-уми июли соли 2024, тахминан соати 00:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо як адад телефони мобилии тамғаи “Поко”-ро, ки дар дохилаш барномаи “Душанбе Сити Бонк” пайваст шуда буд ва дар ҳисобаш 42 ҳазору 363 сомонӣ маблағи пулӣ дошт, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда, 43 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 22-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.