Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди Вазири корҳои дохилӣ аз корҳои ободонию созандагӣ дар Муассисаи нақлиётии ВКД 

30 июли соли 2024 Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз корҳои ободонию созандагӣ ва таъмиру таҷдид дар Муассисаи нақлиётии ВКД боздид ба амал овард.
Вазири корҳои дохилӣ аз корҳои анҷомдодашуда баъди таъмири асосии Муассисаи нақлиётӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин аз ҳолати техникӣ,  таъмири автомашинаҳо ва таваққуфгоҳи  воситаҳои нақлиёт дидан кард.
Зимни боздид ҷиҳати омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, захира намудани равғанҳои молиданӣ ва сӯзишворӣ ба масъулини соҳа як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

30.07.2024 22:46
208