Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Спитамен

1-уми августи соли 2024 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен вохӯрии ҳайати гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилӣ бо фаъолони ноҳияи Спитамен баргузор гардид. 
Муовини сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД полковники милитсия Валишо Қурбонзода, муовини сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД полковники милитсия Умед Ҳомидзода ва муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд подполковники милитсия Ҳотамшо Содиқзода дар ҳузури раиси ноҳияи мазкур Темурҷон Нуъмонзода бо сокинони касбу кори гуногун, аз ҷумла роҳбарони сохторҳои давлатии мақомоти иҷроия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, имомхатибон, кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, ходимони дин, раисони ҷамоату маҳаллаҳо суҳбати озод анҷом доданд. 
Қобили қайд аст, ки ингуна чорабиниҳои маърифатӣ дар асоси Нақша-чорабиниҳои ВКД ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ташкил карда мешаванд. Дар соли ҷорӣ бошад вобаста ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 таваҷҷуҳ ба ин самт бештар карда шуда вохӯрӣ ва мулоқотҳои судманди характери тарбиявӣ дошта мунтазам гузаронида мешаванд.
Дар ҷараёни мулоқот муовини сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД полковники милитсия Валишо Қурбонзода оид ба вазъи геополитикии ҷаҳони муосир, сатҳи ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ дар ноҳияи Спитамен, бетаваҷчуҳӣ дар таълиму тарбияи наврасон ва дигар мавзуъҳои дар муносибатҳои ҷамъиятӣ арзишдошта, маърӯза намуд. Тавре мавсуф таъкид дошт баҳри ҳифзи амният ва суботи кишвар бояд тамоми сохтору идораҳои давлативу ҷамъиятӣ, ба хусус аҳли ҷамоатчигӣ ва фаъолон таваҷҷуҳ намоянд.
Маърӯзачиён арзиши олӣ доштани амнияту тартиботро зикр карда, қадршиносӣ аз онро муҳим арзёбӣ намуданд. Зеро тамоми пешрафту тараққиёт аз суботу оромӣ ва амнияту тартибот сарчашма мегирад.
Дар идомаи чорабинӣ, хамзамон ба фаъолияти ноҳиявии Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният, ки ҳамоҳангсози он ВКД мебошад, таваҷчуҳ карда шуд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия

03.08.2024 17:12
125