Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Беларус бо иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ
8 августи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, мулоқот кард.
Мавриди қайд аст, ки ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзҳои 8-9-уми августи соли равон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус баргузор мегардад.
Дар кори ҷасала Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро иштирок менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар ҷараёни мулоқот қайд кард, ки «Шарикии баробарҳуқуқии мо бо заминаи хуби шартномавӣ дар асоси принсипҳои ошкорбаёнӣ, эътимод ва кӯмаки мутақобила ташаккул ёфтааст. Дар ин замина мо метавонем ба таҳдидҳои глобалӣ, фаромарзӣ ва инчунин дохилӣ мубориза барем.
Мо ҳамеша ба қадри имкон бо ҳамаи шумо дастгирӣ ва ҳамкорӣ хоҳем кард. Агар хоҳиш вуҷуд дошта бошад, мо метавонем дар ҳолатҳои хеле душвор ба ҳамдигар ба таври ҷиддӣ кумак кунем. Вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои ИДМ воқеан барои шаҳрвандони муҳтарам сипар ва барои олами ҷиноӣ шамшер мебошанд» - изҳор дошт Александр Лукашенко.
Александр Лукашенко дар суханронии худ оид ба таъмини волоияти қонун, сулҳу субот, амнияту тартибот ва мубориза бар зидди терроризм ва ҷиноятҳои киберӣ ибрози андеша кард.
Мавсуф қайд кард, ки нахустин ҷаласа дар шакли Шӯрои роҳбарони Вазоратҳои корҳои дохилӣ моҳи феврали соли 1992 дар Минск баргузор шуда буд ва ин дафъа дар Белорусия панҷоҳумин солгарди ҷаласаи Шӯро доир мегардад, ки ин муттаҳид намудани саъю кӯшиши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти таъмини амният, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои конститутсионии шаҳрвандони тамоми кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро нишон медиҳад.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия