Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар шаш моҳи соли 2024
8 августи соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар шаш моҳи соли 2024 бо иштироки муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ва рӯзноманигорони Воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ баргузор гардид.
Муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо намояндагони Воситаҳои ахбори оммаро хайрамақдам гуфта, ҷиҳати ҳамкории судманд дар таъмини амният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар идомаи Нишасти матбуотӣ муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода А.А. доир ба вазъи ҷинояткорӣ дар шаш моҳи соли 2024 дар миқёси ҷумҳурӣ маълумоти муфассал дод.
Дар ҷараёни Нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон доир ба ошкор ва пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террористӣ, экстремистидошта, кофтуков ва истирдоди ҷинояткорон, ҷиҳати сари вақт дастрас намудани маълумотнома доир ба доштан ё надоштани доғи судӣ, ҷаримаҳо барои вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, рақамҳои сабз, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ҳамкориҳои муштараки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик, инчунин дигар масоили мубрам ба муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Зикр гардид, ки мақомоти корҳои дохилӣ баҳри мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта, пайваста бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, махсусан рӯзноманигорон дар робитаи қавӣ қарор дорад.
Дар интиҳои нишаст рӯзноманигорон барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани фаъолияти оперативӣ-хизматӣ ва ошкор намудани ҷиноят нисбати ронандаи таксӣ ба роҳбарият ва кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе миннатдории самимии худро баён намуданд.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия.