Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди Вазири корҳои дохилӣ аз ширкати автомобилбарории «БЕЛАЗ»

7 августи соли 2024 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни сафари хизматӣ ба Ҷумҳурии Беларус аз ширкати идоракунии холдингии «БЕЛАЗ» боздид ба амал овард.
Баъд аз гузоштани соядаст дар китоби меҳмонони фахрӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои пазироии гарму самимӣ ба роҳбарияти ширкати мазкур изҳори сипос намуд.
Мавриди қайд аст, ки ширкати «БЕЛАЗ» бузургтарин истеҳсолкунандаи самосвалҳои истихроҷи маъдан ва таҷҳизоти нақлиётӣ барои саноати кӯҳӣ ва сохтмон дар ҷаҳон мебошад.



08.08.2024 20:12
160