Баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ дар Минск
9 августи соли 2024 ҷаласаи навбатии Шӯрои Вазирони корҳои дохилии давлатҳо - узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид, ки дар он намояндагони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода, намояндагони вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия ва Узбекистон, инчунин намояндагони Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (БКБОП) ва Маркази зиддитеррористии ИДМ ширкат варзиданд.
Дар рӯзномаи ҷаласаи мазкур ҳамагӣ 13 масъала баррасӣ гардид. Аз он ҷумла, масъалаҳои ҳамкориҳои афзалиятноки вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳо — узви ИДМ ва рафти иҷрои Барномаи чорабиниҳои муштараки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ барои солҳои 2024-2028, амалияи татбиқ ва аҳамияти муқаррароти Созишномаи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бар зидди ҷиноятҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ аз 28 сентябри соли 2018, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ин радиф масъалаҳо оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи мубориза бар зидди ҷиноятҳое, ки бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ содир мешаванд, такмили ҳамкории байнидавлатии иттилоотӣ дар мубориза бар зидди киберҷинояткорӣ ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкории Вазорати корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ дар мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар рафти ҷаласа дар бораи баргузории Озмуни байналмилалии маҳорати касбии кормандони сохторҳои мақомоти корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ, ки ваколатҳоро дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ амалӣ менамоянд, инчунин Анҷумани байнидавлатии нозирони навраси ҳаракати роҳ ва дигар масъалҳои мубрам як қатор таклифу пешниҳодҳо ироа гардид.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои афзалиятноки дуҷониба ва бисёрҷониба пешниҳодҳои судманд баён намуд.
Дар хотимаи ҷаласаи Шӯрои Вазирони корҳои дохилии давлатҳо - узви ИДМ як қатор қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд, ки барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои минбаъда дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мусоидат хоҳанд кард.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия