Ошкор шудани ҳодисаи роҳзанӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Фирдвсӣ бо ариза марди 46-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 7-уми августи соли 2024, тахминан соати 21:00, дар кӯчаи Борбади пойтахт шахсони номаълум бо роҳи зӯроварӣ ва таҳдиди истифода аз корди ошхонагӣ телефони мобилии писари ноболиғи 14-солааш, тамғаи “HUAWEI-P40”, ки арзишаш 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, гирифта аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ҷавонони 18 ва 19-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Панҷ содир намуданд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.