Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ҳодисаҳои дуздӣ дар ноҳияи Б.Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ноболиғи 17-солаи сокини сокини ноҳияи Б.Ғафуров, 13-уми августи соли 2024, тахминан соати 11:00 дар бозори «Атуш»-и ҳамин ноҳия бо мақсади дуздӣ бо роҳи пинҳонӣ аз ҷузвдони зани 33-солаи сокини ноҳияи мазкур ҷавоҳироти тиллоиашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Дар натиҷа, ба ҷабрдида ба маблағи 5 ҳазору 340 сомонӣ зарар расонидааст. 
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 33-солаи сокини ноҳияи Деваштич 11-уми августи соли 2024, тахминан соати 13:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ бо мақсади дуздӣ ба хонаи истиқоматии марди 30-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз хоб будани соҳибхона истифода бурда, аз он ҷо 1-адад ҷузвдон, ки дар дохилаш 3 ҳазору 800 доллари амрикоӣ будааст, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

16.08.2024 11:05
69