Боздиди Вазири корҳои дохилӣ аз қисми ҳарбии 3501-и Раёсати қӯшунҳои дохилӣ дар вилояти Суғд
20 августи соли 2024 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни сафари хизматӣ ба вилояти Суғд аз қисми ҳарбии 3501-и Раёсати қӯшунҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд боздид ба амал овард.
Зимни шиносоӣ Вазири корҳои дохилӣ бо афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ ҳамсуҳбат шуда, аз ҷойи хоб, ошхона, сартарошхона, ҳаммом ва дигар иншооти моддӣ-маишии онҳо дидан кард.
Зикр гардид, ки сарбозони далеру шуҷои Ватан барои ҳифзи марзу буми кишвари азизамон ҳамеша омода буда, аз ӯҳдаи вазифаҳои ба дӯшашон вогузоршуда бо сарбаландӣ мебароянд.