Ошкор шудани ҳолатҳои авбошӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 13-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 18-уми августи соли 2024, тахминан соатҳои 20:10-дақиқа, ҳангоми дар таваққуфгоҳи назди бозори "Ховарон" қарор доштанаш бо ноболиғи 16-солаи сокини пойтахт ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд як маротиба ба рони пойи росташ задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи М.Ҳамадонӣ аризаи ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 18-уми августи соли 2024, тахминан соатҳои 23:00, ҳангоми дар ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи М.Ҳамадонӣ қарор доштанаш марди 35-солаи сокини ҳамин ноҳия дар ҳолати мастӣ аз ҳиссиёти авбошӣ бо ӯ муноқиша намуда, бо корд як маротиба ба қафаси чапи синааш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.