Дастгир гардидани марди 39-сола бо ҷурми қаллобӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи январи соли 2020 дар кӯчаи С.Шерозии шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба боварии марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 135 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ бар ивази маблағаш автомашина оварда медиҳад, аммо то ҳол ваъдашро иҷро накарда маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.