Боздиди Вазири корҳои дохилӣ аз корҳои созандагии Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии ВКД
31 августи соли 2024 дар арафаи таҷлили 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз корҳои ободониву созандагии Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилӣ дидан намуд.
Сипас аз бинои навсохти хобгоҳ муҷаҳҳаз бо тамоми шароити зарурӣ, ошхонаи нав, инчунин ҳаммом бо тамоми шароити лозима ва дигар ҳуҷраҳои хизматии сарбозони ротаи посбонии Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД боздид ба амал овард.
Зимни боздид Вазири корҳои дохилӣ ҳамзамон аз хобгоҳи дигари сарбозон, ки бо тарҳи хуби замонавӣ сохта шудааст, дидан кард.
Ин хобгоҳ низ дорои таҷҳизоти наву замонавӣ буда, дар он ҳамаи шароитҳои истироҳативу маишӣ барои сарбозон муҳайё карда шудааст.