Сафари истироҳатии кормандони ВКД Беларус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар доираи барномаҳои дар сатҳи давлатӣ қабул шуда ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамкасбони худ аз давлатҳои хориҷӣ муносибати хуби ҳамкорӣ дорад. Мунтазам вохӯрию мулоқот, сафарҳои хизматӣ, ҳамкориҳои мутақобила бо дигар давлатҳо ба роҳ монда мешавад. Дар ин раванд ҷиҳати густариши ҳамкорӣ, табодули таҷриба ва мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ аз 22 то 31 августи соли 2024 бо даъвати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикситон ҳайати кормандони ВКД Ҷумҳурии Беларус бо сафари истироҳатии 10 рӯза дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштанд.
Тибқи барномаи тарҳрезишуда сафари меҳмонон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз вазифаҳои хизматӣ буда ба хотири шиносоӣ аз имкониятҳои сайёҳӣ, шароитҳои фароҳамгашта дар самти истироҳату табобат, огаҳӣ пайдо намудан аз сатҳи зиндагӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти рӯзмарраи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки бо мусоидати кормандони мақомоти корҳои дохилии мамлакат дар сатҳи барои меҳмонон дилпазиру хушҳолкунанда ташкил карда шуд.
Ҳарчанд қароргоҳ барои истироҳат осоишгоҳи Баҳористон интихоб гардида бошад ҳам, ҳамарӯза ташриф овардан ба мавзеъҳои таърихию тамошобоб, шинос шудан аз урфу одатҳои миллӣ, меҳмонавозиҳои тоҷикона ва барномаҳои сайёҳӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Беларус пешкаш мегардид. Натанҳо мавзеъҳои тамошобоби таърихӣ, балки таъриху фарҳангӣ миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, либос ва таъомҳои миллӣ, меваҳои шаҳдбори кишвари офтобии Тоҷикисион барои меҳмонон ҷолибу ҳаловатбахш буд.
Масалан дар Осорхонаи вилояти Суғд ба меҳмонон аз таърихи давлатдории тоҷикон аз давраи қадим то имрӯз маълумот дода бозёфтҳои археологӣ ва асбобу ашёҳои бостониро муаррифӣ карданд. Толорҳои осорхона ҳолати воқеъии имрӯз ва таърихи гузаштаи тоҷикон, давлатдорӣ, урфу одат, ҳунармандию косибиро дар асбобу ашё ҳамчун лавҳаи хотироти зинда намудор месохт. Сайру гашт аз Қалъаи навсозишудаи Хуҷандро бо таассуроти дилпазир меҳмонон қабул карданд. Нақшу нигори миллӣ, ороишот дар чӯб ва гаҷкорию оинабандӣ маҳсули ҳунармандони чирадаст завқу руҳияи меҳмононро ба худ ҷалб намуд. Боздид аз ҳавлиҳои ҳунармандӣ ва аз наздик шинос шудан ба кори ҳунармандон ва сайру гашт дар Боғи Камоли Хуҷандӣ низ диққатҷалбкунанда буд.
Касри Арбоб, ки барои халки точик макони сарнавиштсоз эътироф гардидааст, минтақаи дигари саёҳат барои меҳмонон гардид, ки аз он дидан намуда чун рамзи сулҳу осоиштагии мардуми тоҷику беларус меҳмони толор шуда, аз маърӯзаи роҳбалад аз таърихи ин мавзеъ огаҳӣ пайдо намуданд. Ҳамчунин дар ин ҷо аз осорхонаи Қасри Арбоб низ баҳраманд гардиданд. Чойхонаи миллии Арбоб, ки дар паҳлӯи Касри Арбоб ҷойгир шудааст, бо кандакориву наққошиҳои беназираш, ки маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик мебошад, диққати меҳмононро ба худ ҷалб кард.
Тамошо аз манзараҳои куҳӣ ва табиати нотакрор дар минтақаи ноҳияи Шаҳристон аз он ҷиҳат дилпазир буд, ки боду ҳаво ва насими кӯҳӣ ба инсон руҳу илҳоми тоза мебахшад. Чунин имконият барои меҳмонон дар Маркази таълимии ВКД бо қароргоҳ дар ноҳияи Шаҳристон фароҳам оварда шуд. Меҳмоннавозии тоҷикона, маҳфили шеъру суруд ва огаҳи ёфтан аз урфу одатҳои миллӣ саёҳати меҳмоноро хотирмон гардонид. Азбаски маркази таълимии ВКД барои машқу тамрин ва омодагии ҳайати шахсӣ дар шароити кӯҳсор пешбинишудааст чунин имкониятҳоро ба меҳмонон муаррифӣ карданд.
Боздид аз бозори марказии вилоят Панҷшанбе ва шиносоӣ аз анъанаҳои боғдории халқи тоҷик бахши дигари барномаи сафарӣ буд, ки барои меҳмонони Ҷумҳурии Беларус ташкил карда шуд. Боғи миллӣ воқеъ дар ноҳияи Б.Ғафуров ва дарахтони гуногуни ҳосилдеҳи он барои меҳмонон шавқовар ва имконият медод, ки аз наздик бо ҷараёни парвариши меваҳои шаҳдбори кишвари офтобии мо шинос шаванд. Ҳамзамон барои меҳмонон намоишгоҳи меваҳои боғи мазкур ва баъзе аз таомҳои миллӣ муаррифӣ карда шуд.
Илова бар ин, ҳамарӯза барномаҳои фарҳангӣ фароғатии мусиқавӣ манзур карда мешуд.
Кормандони ВКД Беларус бо таассуроти нек аз меҳмоннавозии тоҷикона, дидани табиат ва манзараҳои дилфиреб, маконҳои таърихӣ ва истироҳатӣ, огаҳӣ ёфтан аз рушду тараққиёт дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ва муҳаббати беандоза нисбати Тоҷикистон бо армуғонҳои хотиравӣ санаи 1 сентябр ба Ватани худ баргаштанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки сафари истироҳатии кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии ба мо дӯсти Беларус натанҳо саҳифаи нав дар муносибатҳои дӯстона бо ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки барои муаррифӣ кардани имкониятҳои саёҳии Тоҷикистон хоҳад буд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия