Рух додани якчанд ҳодисаи нақлиётии марговар
1-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 19:45-дақиқа, ронандаи мототсикли тамғаи “Даелим” бе рақами қайди давлатӣ Бердиев Ҷурабой Рузиевич, соли таваллудаш 1959, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҳудуди ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи мазкур ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, таҳти идораи Давлохов Нусратулло Сапарбекович, соли таваллудаш 1981, сокини ҳамин ноҳия бармехӯрад, ки дар натиҷа ронандаи мотосикл Бердиев Ҷ.Р. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
2-юми сентябри соли 2024, тахминан соати 13:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Аванте”, Арабов Закариё Раҷабович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе дар ҳудуди шаҳри Норак ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Каримов Маҳмадшариф Қудратуллоевич, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Дӯшанбе, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи “Хундай-Аванте”, Толибова Сомона Нуралиевна, соли таваллудаш 2000, Назарова Умеда Ғайратуллоевна, соли таваллудаш 1998, сокинони шаҳри Душанбе ва Назаров Меҳриддин Ғайратович, соли таваллудаш 2005, сокини ноҳияи Данғара ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ронандаи автомашинаи мазкур Арабов З.Р. ва мусофиронаш Назаров Ғайраталӣ Хидирович, соли таваллудаш 1967 ва хурдсол Раҳимзода Матлуба, соли таваллудаш 2023, сокинони шаҳри Душанбе дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
2-юми сентябри соли 2024, тахминан соати 12:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Сиело”, Шокиров Зиёдулло Субҳонқулович, соли таваллудаш 1957, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Чиртак ба самти ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Саидзода Амирҷон Шуҳратҷон, соли таваллудаш 2003, сокини ҳамин шаҳр бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи “Дэу-Сиело” Шокиров З.С. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони автомашинаи мазкур дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.