Ҳалокати дучархарон бар асари садама дар ноҳияи Зафаробод
3-юми сентябри соли 2024, тахминан соати 09:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Файзуллоев Баҳодур Сайдиллоевич, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Зафаробод, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ноҳияи Зафаробод ба самти ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Рамазониев Рамазонӣ Ҳомидович, соли таваллудаш 1958, сокини ноҳияи Зафарободро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарон Рамазониев Р.Ҳ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.