Ба ҳалокат расидани 2 нафар дучархарон ва ронанда дар ҳодисаҳои нақлиётӣ
3-юми сентябри соли 2024, тахминан соати 22:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хендай-Соната”, Исломов Акбарҷон Отаниёзович, соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Яккатут ба самти маркази ноҳияи А.Ҷомӣ, воқеъ дар ҳудуди кӯчаи Сомонӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Абдуллоев Далер Маҳмазоирович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи мазкурро пахш намуда, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, ки ба Алиҷони Ориф, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Ёвон, ки дар канори рости роҳ қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, дучархарон Абдуллоев Д.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
4-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 11:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ Ф-10», Ёқубов Фаёз, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат дар хиёбони И.Сомонии шаҳри Хучанд, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучархарон Холхӯҷаев Фаридхӯҷа Холхӯҷаевич, соли таваллудаш 1951, сокини ноҳияи Б.Ғафуровро пахш намудааст.
Дар ин маврид автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи ронанда Аюбов Муминҷон, соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри Хуҷанд, ки аз самти кӯчаи Мири шаҳри Хуҷанд ҳаракат мекард, ба ӯ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, дучархарон Холхӯҷаев Ф.Х. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
4-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 10:00, дар 54-ум километри шоҳроҳи автомобилгарди шаҳри “Душанбе-Кӯлоб” дар ҳудуди ноҳияи Данғара, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Мерседес-Бенс”, Ғафуров Раҳматшоҳ Шайдуллоевич, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Тайота Прадо”, таҳти идораи Табаров Ислом Сангович, соли таваллудаш 1961, сокини шаҳри Душанбе, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Прадо” Табаров И.С. ва мусофири автомашинаи мазкур Ҳалимова Бибисорро Табаралиевна, соли таваллудаш 1967, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.