Муайян шудани ду ҳолати дуздӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино аризаи ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Тоҷикобод ворид гардидааст, ки 30-юми августи соли 2024, шабона шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсии боркашаш тамғаи “Камаз”, ки дар дохили бозори “Вориси-Сомон”, воқеъ дар кӯчаи Гипрозем беназорат меистод, маҳсулоти хӯроковориро, ки арзиши умумиашон 9 ҳазору 170 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини ноҳияи Тоҷикобод ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ноболиғи 14-солаи сокини шаҳри Душанбе 4-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 11:40-дақиқа, ба мағозаи фурӯши “Тухмҳо”, воқеъ дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе, ки ба марди 35-солаи сокини пойтахт тааллуқ дорад, даромада аз хазинаи мағозаи мазкур 9 ҳазор сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.