Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо намояндагони диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ

6 сентябри соли 2024 вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо намояндагони диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баргузор гардид.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ин нишаст ҳозиринро ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, ба онҳо барору комёбиҳо таманно кард.
Бояд тазаккур дод, ки ҳамасола дар солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳои муҳими ҷумҳуриявӣ, ки дар кишвар баргузор мегардад, намояндагони диаспораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон аз хориҷи кишвар бо дастури Роҳбари давлат даъват карда мешаванд, ки ин иқдом барои шиносоии ҳарчи бештари ҳамватанони бурунмарзӣ бо дастовардҳо ва рушду пешрафти кишварамон мусоидат менамояд. 
Зимни баргузории ҳамоиш қайд гардид, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориро бо диаспора, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ба роҳ монда, бо онҳо ҳамчун шарикони рушд ҳамкорӣ менамояд.
Дар ин вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо ва робитаи доимӣ бо вазорат таклифу пешниҳодҳои судманд манзур гардид.
Дар хотимаи вохӯрӣ бо Фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ба як зумра намояндагони диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ медалҳои «Барои ҳамкорӣ» ва Ифтихорномаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Гул Маҳбуба

06.09.2024 19:58
229