Баҳсу муноқиша ва лату кӯб дар ҷойи ҷамъиятӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки 2-юми сентябри соли 2024, тахминан соати 20:00, марди 35-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми дар назди нуқтаи фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ “Кафе-Бар” қарор доштанаш бо марди 40-солаи сокини ноҳияи мазкур баҳсу муноқиша намуда, ӯро лату кӯб намудааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ба болои бетон афтида, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.