Ошкор шудани ҳолати дуздӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи марди 45-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 1-уми сентябри соли 2024, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Педжо”, ки дар кӯчаи И.Сомонии ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ беназорат меистод, аз дохилаш як адад шиносномаи миллӣ, як адад корти суратҳисоби барқӣ, як адад корти бонки “Имон Интернешл”, ки дар ҳисобаш 33 ҳазору 140-сомонӣ дошт, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.