Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани қаллобии марди 49-сола

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 37-солаи сокини шаҳри Ҳисор муроҷиат намудааст, ки моҳи январи соли 2017 марди 49-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 12 ҳазор доллари амрикоӣ масолеҳи сохтмонӣ (арматур) гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Такроран гумонбаршаванда моҳи феврали соли 2018 ба ҷабрдида барои харидорӣ намудани манзили истиқоматӣ дар масоҳати 240-метри мураббаъ дар шаҳри Душанбе дар асоси бастани шартномаи ҳиссагузорӣ бо нархи арзон пешниҳод намуда, арзиши хонаи мазкурро 87 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ намуда, аз ӯ 2-адад автомашинаи тамғаҳои гуногунро гирифта, хонаи истиқоматии мазкурро ба дигар нафар фурӯхта, маблағи ба даст овардаашро ба манфитаи шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда, шуда тафтишот идома дорад.

14.09.2024 14:54
47