Ошкор шудани дуздӣ аз корхона
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 38-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 16 ба 17-уми сентябри соли 2024, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба корхонаи дарбарориаш, воқеъ дар кӯчаи Ободкорони пойтахт даромада, аз он ҷо 1-адад трансформатор, 1-адад таҷҳизоти тахтақоқкунӣ, 4-адад таҷҳизоти тахтабурӣ ва 70-адад сеткаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.