Ошкор шудани қаллобӣ вобаста ба масолеҳи сохтмонӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи муайян карда шуд, ки марди 48-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистн суд шудааст, аз 21-уми декабри соли 2020 то 21-уми октябри соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии марди 41-солаи сокини ноҳияи мазкур, фурӯшандаи масолеҳи сохтмонӣ даромада, дар бозори баракати ноҳияи Б.Ғафуров қисм-қисм ба миқдори 300 тонна масолеҳи сохтмонии сементро ба маблағи 271 ҳазору 755 сомонӣ гирифта, аз додани ин маблағ саркашӣ намуда, то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.