Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таваҷҷуҳ ба ҳаёти ҷавонон ва қадршиносии ташаббусҳои созанда аз ҷониби милитсияи Суғд

26 сентябри соли 2024 бо ташаббуси Хадамоти огоҳонии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар якҷояги бо ҷавонони фаъол таҳти шиори «Ҳама ба хизмати Ватан омодаем» дар Қасри фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. 
Ҳамоиши  фарҳангӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву худшиносӣ, ҳисси эҳтиром ба Ватан ва арзишҳои миллӣ бо иштироки доираи васеъи донишҷӯёни Муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсуси вилоят ҷараён гирифт.
Муовини якуми сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Давлатзода Раҳмон Қобил чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҷавононро ба корҳои созанда ба нафъи давлату миллат даъват намуд. Хизмат ба Ватанро қарзи шаҳрвандӣ, намунаи олии муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ унвон карда, аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки нерӯи ҷавониро ба иқдомҳои созанда ба манфиати ҷомеа сарф намоянд.
Дигар маърузачиён низ дар тақвияти гуфтаҳои мазкур ба ҷавонон аз донишандӯзӣ, интихоби ҳаёти солим, ахлоқи ҳамида, пуштибонӣ аз муқаддасоти миллӣ, дӯстдории Ватан ва омодагӣ баҳри ҳифзу манфиатҳои миллӣ сухан карданд. Гуфта шуд, ки ҳар як амали ба манфиати ҷомеа гузоштаи ҷавонон аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ карда мешавад.
Дар идома ба хотири тарбияи насли ҷавон, омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва сафарбарии онҳо ба ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти давлати соҳибистиқлол роҳбарони Муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсуси вилоят бо Ифтихорнома аз номи сардори  Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Пирзода Маҳмадсафар Қузратулло қадршиносӣ карда шуданд. Ҳамчунини ҷавонони фаъоле, ки мунтазам дар байни ҳамсолони худ тарзи ҳаёти солимро тарғиб намуда дар пешгирӣ аз кирдорҳои зидиҳуқуқӣ саҳм мегузоранд, бо Ифтихорнома ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Дар хотима барномаи фарҳангии тараннумкунандаи хушии зиндагӣ манзур карда шуда, аҳли ҳунари Қасри фарҳанги «Суғдиён» бо пешниҳоди суруду оҳангҳои васфкунандаи ватандӯстӣ, муҳаббату накӯкорӣ хотири иштирокчиёнро болида гардониданд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия

26.09.2024 17:54
92