Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани якчанд ҳодисаи нақлиётии марговар дар роҳҳои кишвар

26-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 20:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Маҳмадов Маҳмадшариф Раҷабмуродович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Ҳисор-Турсунзода”, воқеъ дар деҳаи Шӯроби Искандар, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Раҳмонов Фарҳод Аъзамович, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри мазкурро пахш  намудааст. 
Дар натиҷа, пиёдагард Раҳмонов Ф.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Баъд аз пахши пиёдагард ба оҳанҳои байни роҳ бархӯрда, ба автомашинаи тамғаи “Хундай Аванта”, ки таҳти идораи ронанда, Назаров Нуриддин Нуралиевич, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Н.Хусрав қарор дошт, бархӯрдааст. 
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс”  Маҳмадов М.Р. ва мусофиронаш Оритиқов Алишер Раҷабмуродович, соли таваллудаш 1989, Маҳмадалиев Аҳлиддин Раҷабмуродович, соли таваллудаш 1994, сокинони шаҳри Ҳисор, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. 
26-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 21:04-дақиқа, ронандаи  автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемри”, Раҳмонов Раҳмоналӣ Искандарович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Душанбе, дар вақти расидан дар киллометри 43-юми деҳаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб, шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Мавлонов Раҳмон, соли таваллудаш 1943, сокини ноҳияи Варзобро пахш намудааст. 
Дар натиҷа, пиёдагард Мавлонов Р. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
26-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Румиён», Лутфуллои Саймуддин, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Фархор ба самти деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ, дар ҳудуди деҳаи Даштигулҳои ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол, Маҳмадбилолзода Зулайхо Баҳром, соли таваллудаш 2020, сокини ноҳияи Восеъро пахш намудааст. 
Дар натиҷа, хурдсол Маҳмадализода З.Б. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
26-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 17:16-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Аванте», Ихтиёров Абдураҳим Ваҳобович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар километри 191-уми шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаннок», воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада,  ба  автомашинаи боркаши тамғаи «КРОНЕ-СД» ядакдор, таҳти идораи ронанда, Юнусзода Зафарҷон Мирвоҳид, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Деваштич бархӯрда, баъдан ба автомашинаи тамғаи «Тайота-Хайлукс», таҳти идораи ронанда, Раҳматов Муҳаммадҷон Хуршедович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Истаравшан ҳаракат мекард, бархӯрдааст. 
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Аванте», соли таваллудаш Ихтиёров А.В. ва мусофири дохили автомашина Ҳомидов Шероз Олимович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Истаравшан дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дигари автомашинаи тамғаи «Хундай-Аванте», Дадобоев Хуршед Абдуҷалилович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Истаравшан ва Норматов Акрамҷон Аслонҷонович, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Истаравшан ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

28.09.2024 14:43
29