Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гиромидошти Рӯзи забони давлатӣ дар  Раёсати ВКД дар вилояти Суғд

Рӯзи 27 сентябр ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ машғулияти навбатии ҳайати шахсии дастгоҳи марказии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба мавзӯи «Омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» ва Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» бахшида шуд. 
Номзади илмҳои филологӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Зоҳид Қӯрғонов бо маърӯзаи пурмуҳтаво вобаста ба давраҳои таърихӣ ва нақши забони давлатӣ баромад намуд. 
Ёдрас менамоем, ки  дар иртибот ба тасвиби Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009 инҷониб бо ифтихору сарбаландӣ аз забони давлати соҳибистиқлоламон ин сана ҳамчун «Рӯзи забони давлатӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Зеро забон,  таъминкунандаи ҳастии давлат, нишонаи шинохти миллат ва воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон ба шумор меравад. Забони тоҷикӣ аз ҷумлаи арзишҳои таърихии ниёгонамон ба ҳисоб меравад, ки тавассути он асарҳои илмӣ, таърихиву адабӣ интишор ёфта шоирону нависандагон ва олимони барҷаста дар ҷаҳон шинохта шудаанд. Пуштибонӣ аз забони модарӣ ва покиза нигоҳ доштани он вазифаи муқаддаси дорандаи забон аст.
Ҳайати шахсии милитсияи Суғд бо шунидани маърузаи пурмуҳтавои олими соҳаи забоншиносӣ аз роҳи тайнамудаи забони тоҷикӣ дар давраҳои ҳассос ва озмоишҳои пай дар пайи таърихии он маълумот гирифтанд. Ҳамзамон оид ба тарзи дурусти навишт, номгузорӣ, риояи қоидаҳои имло, дарки маънӣ дар истифодаи калима, услуби эҷод, бе ғалат тартиб додани маълумотномаю навиштаҷот аз ҷониби мутахассис ба ҳозирин дастур дода шуд.
Ҳамчунин дигар баромадкунандагон низ аз мақому манзалати забони давлатӣ бо ифтихор сухан карда, забонро рукни асосии низоми давлатдорӣ, муаррифгари давлати соҳибистиқлол ва ифодакунандаи маънавиёти шахс унвон карда, дар баробари таъсирноку пурмазмун сухан кардан ҳифзи покизагии забонро низ хело муҳим арзёбӣ карданд. 
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикиро ҳамчун муқаддасоти давлатӣ эълон ва онро чун дастоварди таърихӣ ҳифз менамояд. Маҳз дар давраи соҳибистиқлолӣ силсилаи қонуну қарорҳо оид ба забони тоҷикӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки онҳо ба забони модарии мо мақоми давлатӣ дода, манзалати забони тоҷикиро хело боло бурданд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия

28.09.2024 14:47
49