Дастгир гардидани марди 31-сола бо ҷурми ғоратгарӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини шаҳри Панҷакент бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 28-уми сентябри соли 2024, ҳангоми дар ошхонаи дохили бозори марказии шаҳри Панҷакент дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш бо мақсади содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ аз қафои марди 37-солаи сокини шаҳри мазкур пайгирӣ намуда, дар хиёбони Рӯдакии ҳамин шаҳр бо тариқи ошкоро ва истифодаи зӯроварӣ ҷабрдидаро зада ба замин афтонида, дастонашро тоб дода, аз ҷайбаш 2 ҳазору 730 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.