Ҳалокати пиёдагарди хурдсол бар асари ҳодисаи нақлиётӣ
2-юми октябри соли 2024, тахминан соати 09:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Хайландер», Муродзода Алишер Мухтор, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи С.Шерозӣ ба самти хиёбони Сино, пиёдагарди хурдсол Ҷамолова Кибриё Сафаралиевна, соли таваллудаш 2020, сокини пойтахтро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Ҷамолова К.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.