Боздошти ноболиғи 16-сола бо ҷурми авбошӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, ҳангоми дар кӯчаи Р.Амакии шаҳри Душанбе қарор доштанаш аз ҳиссиёти авбошӣ бо ҷавони 24-солаи сокини пойтахт ҷангу ҷанҷол намуда, якдигарро лату кӯб карда, ноболиғ бо корд дар қисмати пушти ҷабрдида як маротиба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.