Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати минтақавӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳо дар доираи Паймони глобалӣ оид ба гурезаҳо

4-уми октябри соли 2024 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Машварати минтақавӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳо дар доираи Паймони глобалӣ оид ба гурезаҳо ва талошҳо барои барҳам додани бешаҳрвандӣ бо иштироки намояндагони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо, ташкилоту созмонҳои байналмилалию ҷамъиятӣ ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиши сатҳи баланд муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Насимзода Акбар Ғиёс муаррифӣ намуд.
Зимни Машварати минтақавӣ ҳалли масъалаҳои  мушкилоти марбут ба гурезаҳо ва иҷрои уҳдадориҳо аз ҷониби давлатҳои аъзои Паймони глобалӣ оид ба гурезаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  
Мавриди қайд аст, ки давлатҳои қабулкунандаи гурезаҳо бояд иҷрои уҳдадориҳои худро оид ба таъмини ҳимояи онҳо ва фароҳам овардани муҳити таҳаммулпазирӣ нисбати халқҳои дигар идома диҳанд ва давлатҳои пайдоиши гурезаҳо бояд хуруҷи оммавии аҳолии худро пешгирӣ намоянд.
Ҳамзамон дар ҷараёни ҷаласа таъмини ҳимояи байналмилалии гурезаҳо ва пайдо кардани роҳҳои ҳалли ниҳоии мушкилоти гурезаҳо муҳокима гардида, дар ин самт як қатор тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуд. 
Гул Маҳбуба
 

04.10.2024 16:45
135