Баргузории озмуни «Корманди беҳтарини оперативӣ» бахшида ба Рӯзи кормандони оперативӣ дар ВКД
5-уми октябри соли 2024 дар маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ба ифтихори зодрӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Рӯзи забони давлатӣ ва «Рӯзи кормандони оперативӣ» чорабинии тантанавӣ бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, роҳбарият, кормандони сохторҳои оперативӣ ва намояндагони дигар мақомотҳои амаликунандаи фаъолияти оперативӣ доир гардид.
Нахуст Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро иштирокчиёни ҷамъомади тантанавиро бахшида ба ин санаҳои хотирмон табрику таҳният намуда, дар кори масъулиятноку бошараф ва заҳматталабу боифтихорашон барору комёбӣ, муваффақияту сарбаландӣ ва саодату хушбахтиҳои рӯзгорро таманно намуд.
Мавсуф аз хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши боризи ӯ дар барқарорсозии сулҳу субот, тинҷию оромӣ, пешравию тараққиёт ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол муфассал ёдовар гардид.
Вазири корҳои дохилӣ зимни суханронӣ аз нақши калидии фаъолияти воҳидҳои оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ошкорнамоии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, таъмини тартибот ва амнияти ҷомеа таъкид намуда, қайд кард, ки маҳз бо саҳми арзандаи кормандони оперативӣ ҷиноятҳои содиргардида ошкор ва нафарони ҷиноят содир намуда дастгир гардида, адолати иҷтимоиву ҳуқуқӣ дар ҷомеа таъмин карда мешавад.
Сипас, бо Фармоиши Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ғолибони озмуни «Корманди беҳтарини оперативӣ», ки миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати мудофиа, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид, бо нишони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Корманди беҳтарини оперативӣ», маблағҳои пулӣ, Ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамин тариқ, барои ишғол намудани ҷойи якум бо нишони сарисинагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Корманди беҳтарини оперативӣ» ва маблағи 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ мукофотонида шуд:
- капитани милитсия Зоидзода Муродалӣ Додо – корманди Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои мутташакили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Барои ишғол намудани ҷойи дуюм бо нишони сарсинагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Корманди беҳтарини оперативӣ» ва маблағи 3500 (се ҳазору панҷсад) сомонӣ мукофотонида шуд:
- капитани хизмати дохилӣ Назаров Навруз Илёсович - корманди Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Барои ишғол намудани ҷойи сеюм бо нишони сарисинагии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон «Корманди беҳтарини оперативӣ» ва маблағи 2500 (ду ҳазору панҷсад) сомонӣ мукофотонида шуданд:
– капитани адлия Муминов Д.Б., - корманди Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.
- лейтенанти хурди адлия Ашуров А.Ҳ., - корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамчунин иштирокчиёни фаъоли озмуни мазкур бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия