Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бе иҷозат ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ гирифтани автомашина боиси садама гардид  

6-уми октябри соли 2024, тахминан соатҳои 21:00, Ҳасанзода Шерзод Алишер, соли таваллудаш 2006, сокини ноҳияи Восеъ бо роҳи пинҳонӣ бе иҷозат автомашинаи тамғаи “GACAION”, ки ба амакаш Халифаев Амирҷон Равшанович, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи мазкур тааллуқ дорад, гирифта, бе ҳуҷҷати ронандагӣ аз самти деҳаи Сулҳобод ба самти кӯчаи У.Хайёми ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ ҳаракат намуда, дар ҳудуди кӯчаи У.Хайём аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Шарифов Бобохон Аскарович, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Восеъро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарон Шарифов Б.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ин ҳолатро Ҳасанзода Ш.А. дида, ба дучархарони мазкур ёрии аввалини тиббӣ нарасонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

08.10.2024 9:30
48