Расонидани зарари ҷисмонӣ дар заминаи ҷангу ҷанҷол
Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода аризаи марди 58-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 8-уми октябри соли 2024, тахминан соати 19:00, писари бародараш марди 40-солаи сокини ҳамин шаҳр дар назди бинои манзили истиқоматиаш бе ягон асос бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 3 маротиба ба узвҳои баданаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.