Бархӯрди автомашинаи "Мерседес-Бенс" бо харароба
10-уми октябри соли 2024, тахминан соати 18:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Султонов Раҷабалӣ Равшанович, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи мазкур қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон намуда, Ғиёсов Муҳаммадҷон Ниёзович, соли таваллудаш 1964, сокини ҳамин ноҳияро, ки дар болои харароба савор буд, пахш намудааст.
Дар натиҷа Ғиёсов М.Н. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.