Ифшо шудани ҳодисаҳои дуздии маблағу ҷавоҳирот
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Исфара бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 24-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 17:00 бо ҳамроҳии рафиқаш ҷавони 24-солаи сокини шаҳри мазкур ба бинои беморхонаи марказии шаҳри Исфара ворид гашта, аз болои хараки нишасти дар саҳни беморхонаи мазкур буда, ҳамёни занонаро, ки ба зани 52-солаи сокини ҳамин шаҳр тааллуқ дошта, дар дохилаш 900 сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ доштааст, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 15 ҳазору 124 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ноҳияи Темурмалик ҷойи кораш ҶДММ «Муҳиддинов М» бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 11-уми октябри соли 2024, бо ҳамроҳии ҳамкораш, ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҷойи кораш «ҶДММ Муҳиддинов М» қарор дошта, аз фурсати ба худ муносиб истифода бурда, ҳангоми хоб будани ҳамкораш телефони мобилиашро гирифта, вориди суратҳисоби ҳамёни электронии «Душанбе-Сити» гашта, бо мақсади дуздӣ ба суратҳисоби ҳамёни электронии «Душанбе-Сити»-и худ 97 ҳазор сомониро гузаронида, ба ҷабрдида зарари калон расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Далели шайъӣ аз гумонбаршаванда, як адад телефони мобилии тамғаи «Айфон 14 про макс», маблағҳои пулӣ, 1-адад либоси мардона, 2-адад пойафзол, 1-адад либоси тирамоҳӣ гирифта шуд.
Нисбати гумонбаршаванда, парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.