Ҳалокати ронанда дар ҳодисаи нақлиётӣ дар ҳудуди шаҳри Бохтар
24-уми октябри соли 2024, тахминан соати 23:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемри”, Дамонов Абубакр Сайдуллоевич, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти шаҳри Бохтар, воқеъ дар ҳудуди маҳаллаи Маданияти шаҳри Бохтар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Усмонзода Ҷомӣ, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Кӯшониёнро пахш намуда, баъдан ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Ҳасанов Сабзаалӣ Ибодуллоевич, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Вахш, бархӯрдааст.
Сипас автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемри”, ҳаракатро давом дода, ба симчӯби бетонии канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, худи ронандаи автомашинаи “Тайота-Кемри” Дамонов А.С. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофираш Юсупова Сарвиноз Эркиновна, соли таваллудаш 2006, сокини шаҳри Бохтар ва пиёдагард Усмонзода Ҷ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.