Таҷрибаомӯзии гурӯҳи кории ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коркарди лоиҳаи "Милитсияи патрулӣ" дар шаҳри Алмаато
28 октябри соли 2024 дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 гуруҳи кории Вазорати корҳои дохилӣ оид ба коркарди лоиҳаи "Милитсияи патрулӣ" зери роҳбарии Ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло ба шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон сафари омӯзишӣ анҷом доданд.
Дар ҷараёни сафар гуруҳи корӣ нахуст аз фаъолияти Маркази хизматрасонии ("Сервис – центр») Департаменти политсияи шаҳри Алмаато шинос шуданд.
Зимни вохӯрӣ муовини сардори Департаменти политсияи шаҳри Алмаато, полковники политсия Агафонова Олга Валеревна аз ташрифи меҳмонон ба Ҷумҳурии Қазоқистон изҳори хушнудӣ намуда, вобаста ба тартиби ташкили фаъолият ва таҷрибаи Маркази хизматрасонӣ маълумоти мушаххас дод.
Ҳамчунин, бо иштироки Раиси Кумитаи политсияи маъмурии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон, полковники политсия Султанбаев Кайсар Абилбекович аз ҷониби кормандони Департаменти политсияи шаҳри Алмаато дар яке аз хиёбонҳо ба ҳайати гуруҳи кории Вазорати корҳои дохилӣ фаъолияти милитсияи патрулӣ амалан нишон дода шуд.
Тибқи нақша сафари гуруҳи корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон то 2 ноября соли 2024 идома меёбад.