Боздошти марди 34-сола бо ҷурми ғоратгарӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 65-солаи сокини шаҳри Кӯлоб муроҷиат намудааст, ки 6-уми ноябри соли 2024, тахминан соати 17:45-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Р.Набиеви шаҳри Душанбе қарор доштанаш шахси номаълум бо роҳи ошкоро аз дасташ як адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг Галакси А-12”, арзишаш 1 ҳазору 800 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад