Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии судманд бо курсантон ва унвонҷӯёни Донишгоҳи Москвагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ба номи В. Я. Кикотя

7 ноябри соли 2024 намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намуди ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ бо курсантон ва унвонҷӯёни тоҷикистонии Донишгоҳи Москвагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ба номи В. Я. Кикотя вохӯрӣ доир намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ оид ба нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ, пешравию тараққиёти кишвар, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва дигар масъалаҳои мубрам изҳори андеша намуд.
Мавсуф зимни суханронӣ аҳли нишастро ба омӯзиши илму маърифат, забонҳои хориҷӣ, машғул шудан ба варзиш, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, инчунин шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, тақлид накардан ба фарҳанги бегонаю хурофотпарастӣ, дурӣ ҷӯстан аз қонуншиканӣ ва риоя намудани қонуну қоидаҳои давлати иқомат ҳидоят намуд.
Гул Маҳбуба

08.11.2024 16:09
110