Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъомад оид ба амалисозии Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024 

Бо мақсади натиҷагирӣ намудани Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024 бо ташаббуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД полковники милитсия Бухоризода М.Ғ., намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар идораву бахшҳои дахлдор ҷамъомад баргузор гардид.
Сараввал Аламшозода А.А. ҷиҳати иҷрои барномаи мазкур андешаҳои худро иброз дошта, вобаста ба натиҷаҳо ва дастовардҳои гурӯҳи корӣ ва амалисозии бандҳои «Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024» суханронӣ намуд. 
Қайд гардид, ки дар ин муддат гурӯҳи корӣ корҳои зиёдеро ба анҷом  расонида, натиҷаҳои назаррас ба даст овардааст.
Дар қатори амалӣ намудани Нақшаи Барномаи мазкур инчунин, Вазорати корҳои дохилӣ дар доираи салоҳияти худ баҳри амалӣ намудани талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи маориф», ҳамзамон барои пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, муноқишаҳои байни хонандагон, шомил нагардидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва равияҳои динӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ суҳбату вохӯриҳо бо хонандагон, омӯзгорон ва падару модарон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таври доимӣ доир менамояд. 
Дар рафти суханронӣ Бухоризода М.Ғ. илова намуд, ки гарчанде имсол соли охири татбиқи Барномаи мазкур бошад ҳам ва иҷрои бандҳои Нақшаи барнома аз рӯи нишондодҳо аз ҷониби низоми огоҳонӣ 90 фоизро нишон диҳад, лекин ҳоло ҳам дар тарбияи насли наврас камбудиҳо ҷой доранд ва мо намояндагони сохторҳои низоми огоҳониро зарур аст, ки дар ин самт фаъолиятамонро самаранок ва пурзӯр намоем.  
Боиси зикр аст, ки «Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024» баҳри иҷрои муқаррароти Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак таҳия ва пешбинӣ шуда, ҳадафи барномаи мазкур дастҷамъона пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷалби онҳо ба донишомӯзиву аз худ намудани барномаи таълимӣ иборат мебошад.
Раҷабалӣ Бозорхон, Абдулло Шоҳиён кормандони РОҲНҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон  

14.11.2024 16:33
117