Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинӣ бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» 

15 ноябри соли 2024 дар толори асосии Вазорати корҳои дохилӣ чорабинӣ бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Махфират Хидирзода ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.
Нахуст Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳозиринро дар робита ба ин рӯзи таърихӣ табрик намуда, доир ба фазилатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ кард.  
Дар ҷараёни чорабинӣ аз ҷониби баромадкунандагон зикр гардид, ки муайян гардидани рӯзи 16 ноябр ҳамчун “Рӯзи Президент” асосҳои ба худ хосро доро мебошад. 
Бо дарназардошти эҳтиром ва эътирофи хиради азалӣ, фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, ба даст овардану таъмин намудани сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва болоравии обруву эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳонӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр ҳамчун “Рӯзи Президент” дарҷ гардидааст.  
 Имрӯз мардуми шарафманди Тоҷикистон хуб эҳсос мекунанд, ки Роҳбари давлат, сарфи назар аз ҳамаи мушкилоту монеаҳои мавҷуда, тамоми захираву имкониятҳоро барои беҳбуд бахшидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ сафарбар менамоянд.
 Маҳз шахсияти Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт ва то охирин гурезаи тоҷик ба Ватан баргашт. Аз ин ҷост, ки хизматҳои бузурги ӯро миллати тоҷик ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.
Бинобар ин, моро зарур аст, ки дар партави сиёсати ин абармарди таърих кору фаъолияти пурсамар намуда, дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аз тамоми имконот истифода намоем.
Гул Маҳбуба

15.11.2024 12:08
150