Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» насиби дастаи варзишгарони Қӯшунҳои дохилӣ гардид

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ миллати сарбаланди тоҷик имрӯзҳо иду ҷашнҳои миллию давлатии хешро дар фазои сулҳу субот ва якдигарфаҳмӣ таҷлил менамоянд. Яке аз ин гуна санаҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолӣ «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки ифодагари гиромидошти шахсияти арзанда, пешрафти иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистони азизамон ва пойдору устувории он аст.
15-уми ноябри соли 2024 дар Маҷмааи варзишии Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД маросими ҷоизасупории мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ байни дастаҳои сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори «Рӯзи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикитон» барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Насимзода Акбар Ғиёс, фармондеҳи Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ генерал-майор Суҳроб Рауфзода ва дигар намояндагони сохторҳои ҳарбии мамлакат иштирок намуданд.
Нахуст, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Акбар Насимзода иброз дошт, ки дар сиёсати давлатдорӣ пешрафти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамеша бартарият дошту дорад. Зеро тараққӣ додани варзиш, оммавигардонии варзиш ва таблиғи ҳамаҷонибаи тарзи ҳаёти солим ба он далолат мекунад, ки Парчами давлатии мо бештар парафшон бошад. Ин аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгириҳои бевоситаи Роҳбари давлат, дар ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ низ толорҳои зиёди варзишӣ сохтаву ба истифода дода шудаанд. Аз ҷумла, дар як муддати кӯтоҳ дар бинои ВКД, дар тамоми қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ, ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо толорҳои варзишӣ сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд, ки аз рушди варзиш дар мақомоти корҳои дохилӣ гувоҳӣ медиҳанд.
Милитсияро бе варзиш тасаввур карда намешавад. Ҳамин аст, ки имрӯз пирӯзии варзишгарони Қӯшунҳои дохилӣ дар мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии байни дастаҳои сохторҳои ҳарбии мамлакат ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» аз рӯи ҳафт намуди варзиш гузаронида шуд ва бори дигар  гувоҳи мақоми сазовор доштани варзиш дар ҳаёту фаъолияти хизматии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.
Ҳамчунин, муовини Вазир гуфт, ки дастовардҳои варзишгарони Қӯшунҳои дохилии ВКД дар таърихи варзиши мақомоти корҳои дохилӣ комёбии бузург мебошад ва ин натиҷаи талошҳову тадбирҳои роҳбарияти Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ ва заҳмати содиқонаи худи варзишгарон аст, ки бо натиҷаҳои арзанда шарафёб гардидаанд.
Бояд зикр намуд, ки мусобиқаи мазкур санаи 7 ноябр оғоз гардида, то 15 ноябр идома ёфт ва варзишгарон аз рӯйи намудҳои футболи хурд, волейбол, гӯштини миллӣ, инчунин тирандозӣ аз таппончаи «Макаров», автомати «Калашников», милтиқи мерганӣ (снайпер) ва гузаштани хати монеаҳо бо ҳам сабқат намуданд.
Ҳамин тавр, дастаи варзишгарони Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ ба гирифтани ҷойи аввал ва Ҷоми мусобиқа мушарраф гардиданд. 
Ҷойи дуюмро дастаи Вазорати мудофиа сазовор шуда, зинаи сеюм ба дастаи Гвардияи миллӣ муносиб дониста шуд.
Дар фарҷом ба ғолибон аз номи Вазири корҳои дохилӣ Ҷом, медал, Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Тоҷиддин Латипов

15.11.2024 16:05
135