Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо курсантон, магистрон ва унвонҷӯёни тоҷикистонӣ дар шаҳри Москва

18 ноябри соли 2024 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи сафари хизматӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо курсантон, магистрон, унвонҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия таҳсил менамоянд, вохӯрӣ доир намуд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, намояндагони Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намуди ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро доир ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ,  эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ», омӯхтани илму дониш, забонҳои хориҷӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ, дурӣ ҷӯстан аз кирдорҳои номатлуб, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва дигар масъалаҳои мубрам ибрози андеша намуд.
Вохӯрӣ дар фазои озоду самимӣ баргузор гардида, курсантон, магистрон, унвонҷӯёни тоҷикистонӣ аз дӯстию рафоқат сухан ронда, зикр карданд, ки дар пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта, таъмини амният, оромию суботи ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ саҳми босазои худро хоҳанд гузошт. 
Гул Маҳбуба

18.11.2024 16:20
278